مسألة № 03117

Оё хушдоман иҷозат дорад, ки келинашро ҳар тавре хоҳад, хидмат фармояд? Оё хидмати келин барои хушдоман воҷиб аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. Оё хушдоман иҷозат дорад, ки келинашро ҳар тавре хоҳад, хидмат фармояд? Оё хидмати келин барои хушдоман воҷиб аст?

Сарвина

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, аз нигоҳи шариат хидмати хушдоман дар зиммаи писар воҷиб аст, зеро дар ҳадиси набавӣ хидмати модар се бор таъкид шудааст. Албатта хушдоман барои келин ҳам модар ҳисоб мешавад ва хидмати хушдоман бар зиммаи келин дар сурати зарурат, ҳамчун беморӣ ва дигар ҳолатҳое, ки муносиб ба ҳоли ўст, амри матлуб ва писандида буда, сабаби баракат дар зиндагӣ мешавад. Вале хушдоман ҳақ надорад, ки бо келин муносибати дағалона дошта бошад ва аз ў анҷоми ҳама корҳои хонаро тақозо кунад, балки бо ў ҳамчун духтари худ муносибат намояд, бо шафқату дилсўзӣ ба ў дарси рўзгордорӣ биёмўзад, то фазои хонавода саршор аз меҳру муҳаббат гардад ва миёни афроди хонадон ҳамдигарфаҳмӣ ва якдигарқадркунӣ пойдору устувор бошад.

2025-08-01
44
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

04.08.2025

أكثر
الفجر03:46
الظهر12:40
العصر17:41
المغرب19:42
العشاء21:12