مسألة № 00323
Баъзе бародарон дар ҳолати тиловати Қуръон суҳбаткунон аз ҷой бархоста, аз масҷид мераванд. Оё ин амал аз дидгоҳи мазҳаби мо дуруст аст?
مسألة:
Домуллои муҳтарам, аз Шумо хоҳиш мекардем, ки ба суоли мо посух медодед Баъзе бародарон дар ҳолати тиловати Қуръон суҳбаткунон аз ҷой бархоста, аз масҷид мераванд. Оё ин амал аз дидгоҳи мазҳаби мо дуруст аст?
Саволдиҳанда:Абдуллоҳ
إجابة:
Хондани Қуръони карим ибодат буда, шунидани он ҳам фарзи кифоя ҳисобида шудааст ва он як навъ ибодат мебошад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 11, с. 268).
Вақте ки тиловати Қуръон сурат мегирад, одоби бандаи муъмин ин аст, ки хомӯш нишаста, ба он гӯш диҳад, то ки шомили раҳмати илоҳӣ гардад. Худованд мефармояд: “Ва чун Қуръон хонда шавад, пас ба сӯи он гӯш ниҳед ва хомӯш бошед, то бар шумо меҳрубонӣ карда шавад”. (Сураи “Аъроф”, 204). Бинобар ин, шоистаи ҳар фарди муъмин аст, ки ин одобро риоят кунад ва ба каломи дилнавози илоҳӣ гӯш фаро диҳад, зеро каломи илоҳӣ дар баробари панду андарз буданаш шифобахши тамоми бемориҳои равонию маънавӣ низ мебошад. Пас эъроз кардан ва пушт гардондан аз чунин маҷлиси хайр ва аз даст додани ин фурсати бебаҳо як навъ беадабӣ нисбат ба каломи илоҳӣ ва беэҳтиромӣ ба бародарони намозгузор ба ҳисоб меравад, чаро ки дар баромадан ҳатман чанд намозгузорро озор медиҳад.