مسألة № 00326

Навъҳои шафоат чандтост ва бузургтаринаш кадом аст?

مسألة:

Навъҳои шафоат чандтост ва бузургтаринаш кадом аст?


 

إجابة:

Бузургтарин навъи шафоат шафоати узмо (аъло) аст, ки дар мавқифи қиёмат зоҳир мегардад ва он ҳамон “мақоми маҳмуд” аст, ки Худованд ба Пайғамбари акрам (с) ваъда додааст. Чунонки Худованд мефармояд: «Наздик аст, ки Парвардигорат туро ба мақоми писандида (мақоми шафоат) бидорад». (Сураи “Исро”, 79).

Тафсилаш ин аст, ки вақте истодан дар мавқифи қиёмат ба мардум танг мешавад ва ташвишу изтиробашон зиёда мегардад, шафоат мехоҳанд, пас ба назди Одам (а), Нӯҳ (а), Иброҳим (а), Мӯсо (а) ва Исо (а) меоянд, ҳамагӣ мегӯянд, ки “нафсӣ, нафсӣ”. Дар охир ба назди Пайғамбар (с) меоянд ва аз ӯ шафоат мехоҳанд, ҳазрати Пайғамбар (с) мегӯяд: “Ман ҳастам кафили шафоат”. (Ривояти Бухорӣ).

Шафоати дувум: Шафоат барои боз кардани дари ҷаннат аст, аввалин шахсе, ки дари ҷаннатро мекушояд, ҳазрати Муҳаммад (с) аст ва аввалин уммате, ки ба биҳишт дохил мешавад, уммати Муҳаммад (с) аст. (Ривояти Бухорӣ)

Шафоати сеюм: Шафоат дар ҳаққи муъминоне, ки ба сабаби гуноҳонашон ба дӯзах ҳукм шудаанд, пас ба василаи ин шафоат ба дӯзах дохил намешаванд.

Шафоати чорум: Шафоат дар ҳаққи шахсоне, ки аз аҳли тавҳид ҳастанд, вале дохили дӯзах шудаанд, пас ба сабаби ин шафоат аз дӯзах хориҷ мешаванд.

Шафоати панҷум: Шафоат дар баланд бардоштани дараҷаи шахсоне, ки дохили ҷаннат шудаанд, зеро дар ҷаннат сад дараҷа мавҷуд аст. Ногуфта намонад, ки ин се шафоати ахир хоссаи Пайғамбари нест, лекин ӯ дар ин шафоат муқаддам аст, пас аз ӯ дигар пайғамбарон, фариштагон ва дӯстони Худо шафоат мекунанд.

Шафоати шашум: Шафоат дар сабук кардани азоби баъзе кофирон. Ин шафоат хосси Пайғамбар (с) барои амакаш Абӯтолиб аст.


 

2016-03-12
3988
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40