مسألة № 00331

Домуллои азиз, хоҳиш дорам ба мо фаҳмонед, ки оё як мушт хоке, ки вақти ба хок супоридани мурда ҳар нафар мегирад ва ба он чизе мехонад, асли шаръӣ дорад ё не? Агар асл дошта бошад, бояд чиро хонем.

مسألة:

Домуллои азиз, хоҳиш дорам ба мо фаҳмонед, ки оё як мушт хоке, ки вақти ба хок супоридани мурда ҳар нафар мегирад ва ба он чизе мехонад, асли шаръӣ дорад ё не? Агар асл дошта бошад, бояд чиро хонем.



 

إجابة:

Касе, ки дар дафни майит иштирок мекунад, мустаҳаб аст, ки бо ду дасти худ се мушти хок гирифта, дар қабри ӯ бипошад. Дар пошидани якум «Минҳо халақнокум» (аз ин хок шуморо офаридем), дар пошидани дуюм «ва фиҳо нуъидукум» (дубора шуморо ба ин хок бармегардонем) ва дар пошидани сеюм «ва минҳо нухриҷукум торатан ухро» (аз ин хок бори дигар шуморо бармеангезем) бигӯяд. (“Фатовои ҳиндӣ” ҷ.1, с.166).

Дар “Сунан”-и Ибни Моҷа аз Абӯҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) бар ҷанозае намоз гузорид, сипас ба сари қабр омада, болои ӯ аз ҷониби сараш се бор хок андохт. (Шарҳи “Муня”). Дар китоби “Ҷавҳара” гуфтааст: “Дар кафи хоки аввал мегӯяд: «Минҳо халақнокум», дар дуюмаш мегӯяд: «ва фиҳо нуъидукум», дар сеюмаш мегӯяд: «ва минҳо нухриҷукум торатан ухро» (Ҳошияи “Раддул-муҳтор”, ҷ.2, саҳ.256), (Сураи “Тоҳо” ояти 55).



 

2016-03-12
3885
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38