مسألة № 00332

Домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, ки фарқ миёни намози ишроқ ва намози зуҳо чист? Камтарин адади ракаъоти он ва бештаринаш чандто аст. Ин намозҳо кадом вақт адо карда мешаванд?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, ки фарқ миёни намози ишроқ ва намози зуҳо чист? Камтарин адади ракаъоти он ва бештаринаш чандто аст. Ин намозҳо кадом вақт адо карда мешаванд?


 

إجابة:

Намози ишроқ ҳамон намози зуҳо аст, фарқ танҳо дар ин аст, ки агар дар аввали вақт гузорида шавад, намози ишроқ гуфта мешавад ва агар дар охири вақт гузорида шавад, намози зуҳо номида мешавад. Гузоридани 4 ракъат намоз дар вақти чошт мустаҳаб (хуб) аст. Ихтиёр дорад метавонад, то 12 ракъат бар он биафзояд, инро дар истилоҳи фуқаҳо намози зуҳо ё ишроқ меноманд. Беҳтарин вақти ин намоз баъд аз баланд шудани офтоб то завол аст. (“Фиқҳи муяссар”. саҳ.31-32)

Аз Паёмбар (с) собит шудааст, ки намози зуҳоро дар рӯзи фатҳи Макка ҳашт ракъат хондааст. Саҳеҳтараш ин аст, ки аксари он ҳад надорад, ба далели гуфтаи Паёмбар (с) ба Амр ибни Абса (р): “Вақте намози бомдодро хондӣ, аз намоз хондан худдорӣ кун, то вақте ки офтоб ба андозаи як найза баланд шавад, сипас намоз гузор, то вақте ки офтоб рост шавад”. (Саҳеҳи Муслим)

Камтарин ракъатҳои намози зуҳо ду ракъат аст. Афзал ин аст, ки баъди ҳар ду ракъат салом диҳад. Ба далели гуфтаи Расулуллоҳ (с) “Намози шаб ва рӯз дуто-дуто аст”. (Имом Аҳмад, Абӯдовуд, Тирмизӣ, Насоӣ, ибни Моҷа ба исноди саҳеҳ аз ҳадиси ибни Умар (р)).


 

2016-03-12
8149
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:30
المغرب17:27
العشاء18:57