مسألة № 00344

Ҳангоми хондани намози нафл такбири фарз гуфта шуд, дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард?

مسألة:

Ҳангоми хондани намози нафл такбири фарз гуфта шуд, дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард? Илтимос, мутобиқи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ ҷавоб диҳед. Саломат бошед

إجابة:

Агар ду ракъат нафл ният карда бошад, пас ҳар ду ракъатро комилан хонда, сипас ба фарз иқтидо кунад. Агар чаҳор ракъат нафл ният карда бошад ва дар шафъи аввал (яъне ракъати аввал ё дувум) қарор дорад, танҳо ду ракъат хонда салом диҳад ва ба намози фарз пайвандад. Вале агар дар шафъи сонӣ (яъне ракъати сеюм ё чаҳорум) қарор дорад, онро комилан ба поён расонад, онгоҳ ба фарз иқтидо намояд. Намози нафл ба сабаби шуруъ кардан дар дар зиммаи намозгузор воҷиб мегардад, бинобар ин, қатъ намудани он дуруст нест. Хотиррасон бояд кард, ки ду ракъат намози нафл намози мустақил ба ҳисоб меравад, аз ин рӯ, дар аснои хондани ракъати аввал агар иқомати фарз гуфта шавад, як ракъати дигар ба он илова намуда, салом медиҳад ва ба намози фарз мепайвандад, вале хондани ду ракъати дигар бар ӯ воҷиб намешавад.

5. Суол: Домулло, дар бораи ин масъала равшанӣ меандохтед. Дар вақти намоз шим бояд аз буҷулаки пой боло бошад, мегӯянд макруҳ аст. Мо чӣ тавр амал намоем. Ташаккур домуллои азиз. Худованд илматонро зиёд гардонад. Омин.

Ҷавоб: Албатта поён будани шим аз буҷулаки пой фарқ намекунад, ки дар намоз бошад ё дар ғайри намоз, зеро ҳадисе, ки дар ин масъала ворид шудааст, мутлақ мебошад, яъне зикр нашудааст, ки инсон дар намоз бошад ё дар ғайри намоз. Дар китоби “Фатовои ҳиндӣ” оиди ин масъала чунин омадааст:    

إسْبَالُ الرَّجُلِ إزَارَهُ أَسْفَلَ مِنْ الْكَعْبَيْنِ إنْ لَمْ يَكُنْ لِلْخُيَلَاءِ فَفِيهِ كَرَاهَةُ تَنْزِيهٍ

“Дароз гузоштани шим поёнтар аз буҷулакҳои пой агар аз рӯи кибру ғурур набошад, макруҳи танзеҳӣ мебошад”. (“Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 183).

Хулоса, поён будани шим аз буҷулакҳо дар ҳама ҳолат кароҳат дорад.

2016-03-28
7750
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:30
المغرب17:27
العشاء18:57