مسألة № 00349

Дар вақти намоз шим бояд аз буҷулаки пой боло бошад, мегӯянд макруҳ аст. Мо чӣ тавр амал намоем. Ташаккур домуллои азиз. Худованд илматонро зиёд гардонад.

مسألة:

Домулло, дар бораи ин масъала равшанӣ меандохтед. Дар вақти намоз шим бояд аз буҷулаки пой боло бошад, мегӯянд макруҳ аст. Мо чӣ тавр амал намоем. Ташаккур домуллои азиз. Худованд илматонро зиёд гардонад. 

Саволдиҳанда:Омин.

إجابة:

Албатта поён будани шим аз буҷулаки пой фарқ намекунад, ки дар намоз бошад ё дар ғайри намоз, зеро ҳадисе, ки дар ин масъала ворид шудааст, мутлақ мебошад, яъне зикр нашудааст, ки инсон дар намоз бошад ё дар ғайри намоз. Дар китоби “Фатовои ҳиндӣ” оиди ин масъала чунин омадааст:    

إسْبَالُ الرَّجُلِ إزَارَهُ أَسْفَلَ مِنْ الْكَعْبَيْنِ إنْ لَمْ يَكُنْ لِلْخُيَلَاءِ فَفِيهِ كَرَاهَةُ تَنْزِيهٍ

“Дароз гузоштани шим поёнтар аз буҷулакҳои пой агар аз рӯи кибру ғурур набошад, макруҳи танзеҳӣ мебошад”. (“Фатовои ҳиндӣ”, ҷ. 183).

Хулоса, поён будани шим аз буҷулакҳо дар ҳама ҳолат кароҳат дорад.

2016-03-28
3704
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

11.01.2025

أكثر
الفجر06:06
الظهر12:40
العصر15:30
المغرب17:27
العشاء18:57