مسألة № 00354
Имрӯз аз тарафи синамогарони турк филме баромадааст бо номи “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”. Намоз ва дигар масоили Исломро ба тариқи масхара анҷом медиҳад. Оё тамошои ин филмҳо дуруст аст?
مسألة:
Ассалому алайкум, домуллои азиз, як савол дорам. Имрӯз аз тарафи синамогарони турк филме баромадааст бо номи “Муллои замонавӣ” ё “Ҳидоят”. Намоз ва дигар масоили Исломро ба тариқи масхара анҷом медиҳад. Оё тамошои ин филмҳо дуруст аст? Дар охир дар ҳаққи мо дуо кунед.
Саволдиҳанда:Беҳрӯз
إجابة:
Албатта бараҳна будани занҳо дар ин филм барои тамошобин боиси гуноҳ аст ва инчунин ба намоз ва дигар аъмоли динӣ масхара кардан гуноҳи нобахшиданист, набояд мусулмон чунин амал кунад ва назар кардан ба ин гуна амалҳо низ гуноҳ аст. Аммо аз як нигоҳ барои онҳое, ки ҳар ҷелакпӯшро мулло медонанд, бояд аз ин ибрат гиранд ва аҳли динашонро бишносанд, зеро имрӯз дар ҷомеаи мо низ чунин муллоҳо вуҷуд доранд.