مسألة № 00365

Домуллои азиз саволе дорам, лутфан ҷавоб диҳед. Ҳамаи мо аз рӯи тақдир амал мекунем аз тақдир гурехта наметавонем. Тақдир хости Худост, мисол агар дар тақдири мо фардо хурдани арақ бошад, мо арақро хоҳем хӯрд. Бигӯед гуноҳи инсон дар ин ҷо чист?.

مسألة:

Домуллои азиз саволе дорам, лутфан ҷавоб диҳед. Ҳамаи мо аз рӯи тақдир амал мекунем аз тақдир гурехта наметавонем. Тақдир хости Худост, мисол агар дар тақдири мо фардо хурдани арақ бошад, мо арақро хоҳем хӯрд. Бигӯед гуноҳи инсон дар ин ҷо чист?. Хоҳишмандам муфассал ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Шарипов Фарҳод

إجابة:

Тақдир худ як амри пӯшидааст, ягон махлуқ аз он огоҳӣ надорад, чунончи марде аз ҳазрати Алӣ (р)  пурсид, ки маро аз тақдир огоҳ кун. Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: «Роҳи торик аст, нарав». Боз пурсид, гуфт: «Баҳри амиқ аст, дохил нашав». Боз пурсид, гуфт: «Сире аз асрори Худованд аст, ки на малоикаи муқарраб ва на пайғамбари мурсал» аз он  огоҳ намешавад

Афъоли бандагон ихтиёрист, барои кори хайр савоб мегирад, барои кори бад азоб карда мешавад, зеро ихтиёри ҷузъие, ки дар ихтиёраш аст, муохаза мешавад. («Шарҳи ақидаи Таҳовӣ» саҳ. 102).

Агар инсон ихтиёри ҷузъи дар амалу рафтораш надошта бошад, чаро Қуръон фиристода шуд?.

Аслан дар чунин масъалаҳо инсонҳое баҳс мекунанд, ки мехоҳанд гуноҳи худро болои Худо бор кунанд. Ғайр аз баҳонаҷӯӣ чизи дигаре нест.

2016-04-09
3604
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38