مسألة № 00369

Домуллои муҳтарам баъзе нафарон мегӯянд, ки аз сабаби пайравони дигар мазҳаб будани имомони масҷидул-Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина аз паси онҳо намоз хондан дуруст нест. Оё ин гап ягон асосс дорад ё не?

مسألة:

Домуллои муҳтарам баъзе нафарон мегӯянд, ки аз сабаби пайравони дигар мазҳаб будани имомони масҷидул-Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина аз паси онҳо намоз хондан дуруст нест. Оё ин гап ягон асосс дорад ё не?. Бо эҳтиром Суруш аз Душанбе

إجابة:

Пайрави дигар мазҳаб будани мусулмонон барои аз паси онҳо намоз нахондан сабаб шуда наметавонад. Имомони масҷидул- Ҳаром дар Макка ва масҷиди набавӣ дар Мадина пайравони мазҳаби Ҳанбалӣ ҳастанд, ки ин мазҳаб яке аз мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Бинобар ин ба онҳо иқтидо карда намоз хондан мушкилиеро ба вуҷуд намеорад. Баръакс ба он ҷойҳои муқаддас рафта, дар дигар ҷойҳо намоз хондан хатогии калон аст, зеро савоби як ракъат намоз дар Масҷидул-ҳаром баробар ба 100 ҳазор ракъат ва як ракъат намоз дар Масҷиди набавӣ баробар ба 1000 ракъат намоз  мебошад. 

2016-04-09
4827
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43