مسألة № 00400

Дуои дам вуҷуд дорад ё не? Чунки кампирҳо дуои дам мехонанд.

مسألة:

Дуои дам вуҷуд дорад ё не? Чунки кампирҳо дуои дам мехонанд.

Саволдиҳанда:Парвиз

إجابة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ, бародари азиз, дуои даме, ки маъмулан дар урфи диёри мо баъзе муйсафедон ё кампирҳо мехонанд, иборат аз ояту зикрҳо буда, ба усули шариат зиддият надорад. Дар ҳолатҳои беморӣ аз ояту зикрҳо хондан ва ба бемор дам (шуф) кардан асли шаръӣ дорад, зеро саҳобагони Расули Худо (с) чунин амалҳоро анҷом доданд ва ба назди Расули Худо (с) омадан ва нақл карданд, Расули Худо (с) онҳоро манъ накард, балки ризоият дод. («Руҳул-маонӣ», ҷ.3, саҳ.137).

2016-05-12
7873
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

06.08.2025

أكثر
الفجر03:47
الظهر12:40
العصر17:39
المغرب19:40
العشاء21:10