مسألة № 00405

Оё падару модар ҳуқуқи дахолат дар интихоби шарики зиндагии фарзандонашонро доранд?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, хоҳишмандам ба саволи ман тезтар ҷавоб диҳед. Оё падару модар ҳуқуқи дахолат дар интихоби шарики зиндагии фарзандонашонро доранд?

Саволдиҳанда:Парвиз

إجابة:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, бародари азиз. Дар сурате, ки шарики зиндагии фарзанд куфви ӯ, яъне муносиб ва шоистаи ӯ бошад, падар ва модар дар интихоби шарики зиндагии фарзандон ҳаққи дахолат надорад. Вале агар шарики зиндагӣ ҳамто ва муносиби ӯ набошад, дар ин ҳолат волидайн ҳаққи эътироз карданро доранд. Як нуктаро дар назар бояд гирифт, ки дар урфу таомули мардуми мо аксаран падару модар барои фарзандонашон шарики зиндагӣ интихоб мекунанд, зеро шафоату меҳрубонии волидайн нисбат ба фарзандони худ аз ҳама бештар аст ва онҳо ҳеҷ гоҳ бадбахтии фарзандони худро намехоҳанд, ҳамзамон таҷрибаи хуби зиндагӣ доранд, ҳатми интихоб дар маслиҳату дуои волидайн сурат гирад, шахс иншоаллоҳ комёб мешавад.

2016-05-16
3791
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

09.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:28
المغرب17:25
العشاء18:55