مسألة № 00422

Истифода бурдани марҳам ё кремҳои доругӣ рӯзаро мешиканад?

مسألة:

Истифода бурдани марҳам ё кремҳои доругӣ рӯзаро мешиканад?

إجابة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳӯ. Агар рӯзадор дар бадани худ аз равған, марҳам ва крем истифода барад, рӯзааш намешиканад, агарчи ашёи мазкур ба ҷавф (дарун)-и ӯ бирасад, зеро доруе, ки тавассути сӯрохиҳои пуст ба ҷавф мерасад, дар шикастани рӯза таъсире надорад. Бинобарин Мулло Алии Қорӣ дар «Фатҳу боб-ил-иноя» ҷ.1, саҳ 169 навиштаанд: «Агар рӯзадор бар бадани худ равған молад ва асари онро дар пешобаш бинад, рӯзаи худро қазо намедорад».

2016-05-26
4451
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

18.02.2026

أكثر
الفجر05:42
الظهر12:40
العصر16:09
المغرب18:12
العشاء19:42