مسألة № 00433
Якчанд сол пеш ман бо марде хонадор шудам. Аз ин никоҳ ду фарзандро Худованд ба ман насиб гардонд.Барои ҳамин олимони муҳтарам, аз Шумо хохиш менамоям, ки ба ман ҷавоб диҳед ,ки оё никоҳи дар вақташ карда, дуруст мебошад ва айни ҳол бурида нашудааст?
مسألة:
Салом бародарони аҳли Ислом ва аҳли Шӯрои уламо! Мехоҳам каме оиди худам нақл кунам. Якчанд сол пеш ман бо марде хонадор шудам. Аз ин никоҳ ду фарзандро Худованд ба ман насиб гардонд. Шавҳарам дар Русия кор мекард ва дар аввал моро нағз нигоҳубин ва таъмин мекард. Мо ҳамроҳ ду-се сол дар Русия зиндагӣ кардем, баъд вай маро аз хона бе ягон гапи зиёдатӣ ронд. Ман ба ватан бо ду фарзандам, ки якеаш маъюб буд ва мустақилона на роҳ мегашту на хӯрок мехӯрд ва на ҳоҷаташро шикаста метавонист, ба хонаи модарам баргаштам. Дар ин мобайн 7-8 сол сипарӣ шуд ва ӯ аз мо рӯй гардонда, ҳатто ягон маротиба кӯмак ҳам нарасонид. Ман аз баҳри таъминоти худам гузашта будам ва даъвое ҳам намекардам, лекин лоақал ҳамон фарзанди маъюбамонро, ки муҳтоҷ буд, як бор ҳам напурсид. Ду сол пеш ин ноодам пайдо шуда омад. Доим моро таънаву дӯғу пуписаву дашном медиҳад. Ба хона ақалан як дона нон наовардааст ва боз бо забони дароз мегӯяд ки "ту кофирӣ, духтарта ҳамихелӣ тарбия кардестӣ". Соли гузашта фарзанди маъюбамон ба пой нахеста аз олам даргузашт, вай ҳамагӣ 10 сол дошт. Дар ин маврид ин ноодам бо баҳонаи кор гурехт, ҳатто гӯру чӯби духтарчаамро ҳамсояҳо гузарониданд. Худашро Худотарс мегирад, лекин вақте ки барои фарзанди маъюбам дору лозим мешуд ва ман мепурсидам, дар ҷавоб мегуфт, ки "давлат барои чияй, нигоҳ кардан гира". Ҳозир то ҳамин дараҷа омадааст, ки ба хона занҳои бегонаро меорад ва бо онҳо хуфту хоб мекунад. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор карданам лозим аст. Ман ин мардро шавҳари худ намеҳисобам, чунки 7-8 сол маро партофта, на ба ман ва на ба фарзандонамон ягон кӯмак ҳам нарасонидааст, аз худ хабаре надодааст. Гарчанде ки дар Русия тиҷорати худро дошт, якчанд дӯкон дошт, савдояш хело хуб буд ва нағз медонист, ки мо чӣ аҳвол дорем. Ба фикрам аз рӯи нуқтаи назари шариат ҳам ин дуруст нест, ки шавҳар бесабаб аз ҳоли оилаи худ хабар нагирад. Барои ҳамин олимони муҳтарам, аз Шумо хохиш менамоям, ки ба ман ҷавоб диҳед ,ки оё никоҳи дар вақташ карда, дуруст мебошад ва айни ҳол бурида нашудааст? Ташаккури зиёд.
Саволдиҳанда:Мадина.
إجابة:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, хоҳари азиз. Дар сурати мазкур никоҳи шумо дуруст мебошад, зеро никоҳ бо анҷом додани зино бекор намегардад, аммо агар шавҳари шумо зиноро ҳалол гуфта анҷом дода бошад, он вақт дар никоҳи шумо халал пеш омада, таҷдиди никоҳ зарур аст.