مسألة № 00438

Ассалому алайкум ва раҳматуллох. Бобои мулло, аз шумо суоле дорам. Дар холати рӯзадорӣ дар Рамазон бо дӯстдухтари номаҳрам суҳбат кардан рӯзаро мешиканад?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллох. Бобои мулло, аз шумо суоле дорам. Дар холати рӯзадорӣ дар Рамазон бо дӯстдухтари номаҳрам суҳбат кардан рӯзаро мешиканад?

إجابة:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ, бародари азиз. Аввал ин ки дӯстдухтар гирифтан дар дини мубини Ислом ҳаром аст ва гӯш кардани овози зан модоме ки бо шаҳват бошад, низ ҳаром аст, вале сухан гуфтан бо номаҳрамон ба қадри зарурат иҷозат аст. Мусалмон бояд коре кунад, ки боиси аҷру савоб шуда, манзалати ӯ дар назди Худо баланд гардад ва дар ин дунёи имтиҳон коре накунад, ки боиси пушаймонӣ ва маломати ӯ гардад. Фарқ намекунад, ки ин гуна амалҳо рӯзаро мешикананд ё на. Рӯза гирифтан тартиб ва одоби худашро дорад. Вақте ки тартиб ва одоби он риоя шавад, қобили қабул хоҳад буд. Чунончи дар ҳадис Расули гиромӣ мефармоянд:

إِذَا كَانَ يَوْمُ صَوْمِ أَحَدِكُمْ فَلا يَرْفُثْ وَلا يَجْهَلْ 

Яъне: «Ҳар гоҳе ки шумо рӯзадор бошед, пас аз амалҳои ношоиста ва беҳуда бипарҳезед».  (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

2016-06-11
4025
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:16
المغرب17:14
العشاء18:44