مسألة № 00440
Мо дар Тоҷикистон таровеҳро 20 ракъат мехондем. Имрӯз мо бо ҳамроҳии бародарони чеченӣ ва араб якҷоя таровеҳ хондем, аммо онҳо тамоман дигар тарз хонданд. Таровеҳро 8 ракъат хонда, дар охир витри воҷибро ду қисм карда хонданд. Яъне аввал 2 ракъат, баъд 1 ракъат гузориданд. Инро чӣ тавр бояд фаҳмем. Мо бо онҳо якҷоя намоз гузоштанамон мумкин аст ё на?
مسألة:
Ассалому алайкум, моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, бародарони гиромӣ. Суоли ман чунин аст: Мо дар Тоҷикистон таровеҳро 20 ракъат мехондем. Имрӯз мо бо ҳамроҳии бародарони чеченӣ ва араб якҷоя таровеҳ хондем, аммо онҳо тамоман дигар тарз хонданд. Таровеҳро 8 ракъат хонда, дар охир витри воҷибро ду қисм карда хонданд. Яъне аввал 2 ракъат, баъд 1 ракъат гузориданд. Инро чӣ тавр бояд фаҳмем. Мо бо онҳо якҷоя намоз гузоштанамон мумкин аст ё на? Илтимос ҷавоб диҳед.
Саволдиҳанда:Тимур.
إجابة:
Таровеҳ тибқи мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат 20 ракъат аст. Шумо бо онҳо якҷоя 8 ракъат бигузоред, баъд боқии ракъатҳои намози таровеҳро худатон хонед, зеро 8 ракъат намозе, ки он донишҷӯён мегузоранд, намози таҳаҷҷуд аст. (“Сунани кубро”-и Байҳақӣ, с. 4393, “Фатҳул-Қадир”, ҷ. 1, с. 485).