مسألة № 00442

Аввалан моҳи мубораки Рамазон ба кулли мусулмонон муборак бод. Домулло, дар масъалаи хатна кардани бародарам пурсиданӣ будам. Ӯ таваллуди соли 2002 мебошад ва ҳоло 14–сола шудааст. Вақте хурдсол буд, барои хатна борҳо ба табибон муроҷиат кардем, аммо мегуфтанд, ки хатнаи ин кӯдак шарт нест, зеро пӯсти зиёдате, ки бояд бурида шавад, мавҷуд нест. Ба қавле мегӯянд, ин гуна инсонҳо суннатиянд,

مسألة:

Салом алайкум. Аввалан моҳи мубораки Рамазон ба кулли мусулмонон муборак бод. Домулло, дар масъалаи хатна кардани бародарам пурсиданӣ будам. Ӯ таваллуди соли 2002 мебошад ва ҳоло 14–сола шудааст. Вақте хурдсол буд, барои хатна борҳо ба табибон муроҷиат кардем, аммо мегуфтанд, ки хатнаи ин кӯдак шарт нест, зеро пӯсти зиёдате, ки бояд бурида шавад, мавҷуд нест. Ба қавле мегӯянд, ин гуна инсонҳо суннатиянд, яъне дар батни модар хатна шудаанд. Ба баъзе уламо савол додам, онҳо ҳам гуфтанд, ки хатнаи чунин мард лозим нест. Хоҳишмандам ба ин масъала аз нигоҳи Ислом ва бо далелҳои муътамад равшанӣ андозед. Худованд нигаҳбони ҳамаамон бошад!!! 

Саволдиҳанда:Иброҳим. 

إجابة:

Хатна кардан аз ҷумлаи суннатҳои фитрӣ аст. Сазовор ин аст, ки кӯдак пеш аз синни булуғ хатна карда шавад. Аммо агар модарзод хатнашуда бошад, ҳоҷати хатна кардан нест. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 368-370).

2016-06-11
3199
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38