مسألة № 00461

Оё дар мазҳаби ҳанафӣ осонкунандаи никоҳ мавҷуд ҳаст? Масалан, як зан даъват мекунад, ки барои чанд моҳ бо ӯ никоҳ кунам.

مسألة:

Ассалом муфтии гиромӣ. Оё дар мазҳаби ҳанафӣ осонкунандаи никоҳ мавҷуд ҳаст? Масалан, як зан даъват мекунад, ки барои чанд моҳ бо ӯ никоҳ кунам. Агар ӯро дар ақд дароварам, оё дуруст аст? Масалан, дар мазҳаби бародарони мо аҳли ташайюъ никоҳи мутъа аст ва дар равияи мамнуъ дар Тоҷикистон – салафия ҷиҳодунникоҳ ё ҷиҳодулливота муҷоз аст. Дар ҷиҳодунникоҳ чанд салафӣ дар як муддат метавонанд бо як хонум алоқаи ҷинсӣ дошта бошанд ё тибқи ривоёти салафия никоҳ бо маҳорим дар баъзе маврид қобили қабул аст. Мехостам дидгоҳи мазҳаби ҳанафиро роҷеъ ба ақди никоҳ ва шартноами он бифаҳмам. Он зан мехоҳад, ки барои дурӣ аз гуноҳ бо ӯ никоҳ кунам ва барои як муддати номуайян бо ӯ робита дошта бошам. Фиқҳи ҳанафӣ чӣ назар дорад?

إجابة:

Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пешниҳоди ин зан аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ мамнуъ ва ҳаром буда, як амали номашруъ ба ҳисоб меравад, фарқ надорад, ки кадом равия ин амалро ҷоиз медонад. Чунки ин амал бо ҳадиси Расули Худо (с) бар ин уммат то рӯзи қиёмат ҳаром гардонида шудааст. Аз ҳазрати Алӣ (р) ривоят аст, ки фармуд:

نَهَى رَسُولُ اللَّهِ -صلى الله عليه وسلم- عَنْ مُتْعَةِ النِّسَاءِ زَمَنَ خَيْبَرَ وَعَنْ لُحُومِ الْحُمُرِ الأَهْلِيَّةِ.

“Расули Худо (с) ҳангоми ҷанги Хайбар аз никоҳи мутъа бо занон ва аз хӯрдани гӯшти харҳои аҳлӣ манъ карданд”. (Ривояти Тирмизӣ).

Ин гуна никоҳҳое, ки шумо мисол овардаед, ҳам зино ва ҳам ноэҳтиромӣ нисбати муқаддасоти дини мубини Ислом маҳсуб мешаванд. Бинобар ин, бародари азиз, аз ин гуна амалҳо даст кашидан ибодат аст. Ҳар гурӯҳе аз номи дини Ислом ҳар сухане мегӯяд, маънояш ҳукми шариатро намегирад, балки дин соҳиб дорад, яъне Худову Паёмбар (с) ва соҳибони мазҳаб, ки мо ба онҳо пайравӣ мекунем. Агар бо касе никоҳ кардан хоҳӣ, барои ҳамеша никоҳ кун, на барои муддате, чунки никоҳ сабаби такмил шудани имон ва боиси эмин мондан аз гуноҳон аст, на ин ки инсон ба сабаби никоҳ худ муртакиби гуноҳ шавад. Худованд мову шуморо дар паноҳи исмати худаш нигоҳбон бошад.

2016-06-14
3329
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38