مسألة № 00471
Оё закотро ба се ё чор нафар додан мумкин аст ё онро танҳо ба як нафар бояд диҳӣ?
مسألة:
Оё закотро ба се ё чор нафар додан мумкин аст ё онро танҳо ба як нафар бояд диҳӣ?
Саволдиҳанда:Одил.
إجابة:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, закот ҳаққи фақирону мискинон аст, фарқ намекунад, ки ба як кас дода мешавад ё ба чанд афроде аз фақирон ва мискинон, дар ҳар ду сурат закот адо мешавад, чунончи дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ, аз ҷумла дар китоби «Фатҳу бобил-иноя», ҷ. с. 129 омадааст:
فَيُصْرَفُ إِلى الكُلِّ أَوْ البَعْضِ تَمْلِيكاً
«Закот ба ҳамаи касоне, ки масрифи закот ҳастанд ё ба баъзе аз онҳо адо карда мешавад».