مسألة № 00479

Хушдоманам бо ман гап намезанад. Се моҳ пеш хушдоманам ба назди мо ба меҳмонӣ омада буд. Ў ба шавҳарам гуфтанд, ки ҳамсарат бар ман қавоқ меандозад ва шавҳарамро зидди ман шӯрониданд, суханҳои қабеҳ гуфта, ба Тоҷикистон баргаштанд. Ман аз он вақт ба онҳо занг назадам ва ҳоло рӯзадорам. Гӯед, ки рӯзаи ман қабул аст?

مسألة:

Ман чор сол аст, ки оиладор ва соҳиби ду фарзандам. Ман ҳамроҳи шавҳарам дар Русия зиндагӣ мекунам. Хушдоманам бо ман гап намезанад. Се моҳ пеш хушдоманам ба назди мо ба меҳмонӣ омада буд. Ў ба шавҳарам гуфтанд, ки ҳамсарат бар ман қавоқ меандозад ва шавҳарамро зидди ман шӯрониданд, суханҳои қабеҳ гуфта, ба Тоҷикистон баргаштанд. Ман аз он вақт ба онҳо занг назадам ва ҳоло рӯзадорам. Гӯед, ки рӯзаи ман қабул аст? Хушдоманам намозҳои фарз, нафл, қироати Қуръонро тарк намекнад, аммо суханҳои дурӯғ гуфта, ҷанги бисёр мекунад. Барои ӯ дуо кунед, ки Худо инсофаш диҳад! 

Саволдиҳанда:Азиза.

إجابة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Агар дар ҳақиқат суханҳои шумо ростанд, Худованд рўзаи шуморо қабул мекунад ва низ аз Худованд хоҳонем, ки ба хушдомани шумо инсоф ва салоҳ диҳад!

2016-06-21
3350
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54