مسألة № 00487
Закоти соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои уламо чӣ қадар муайян карда шудааст?
مسألة:
Ассалому алайкум. Закоти соли ҷорӣ бо қарори Шӯрои уламо чӣ қадар муайян карда шудааст?
Саволдиҳанда:Собирҷон.
إجابة:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, закот бо нархи тилло ҳисоб мешавад. Аз сабаби он ки тиллои хом соли гузашта арзон буд, миқдори нисоб 12200 сомонӣ буд ва аз он 305 сомонӣ пардохт мешуд. Аммо имсол нархи тилло боло рафт, аз ин сабаб миқдори нисоб 17400 сомониро ташкил дод, ки аз он 435 сомонӣ закот пардохт мешавад.