مسألة № 00508

Дар намози ҷумъа аз домулло ҳадисеро шунидам ба ин маъно, ки гӯё Худованд гуфта бошад, ҳар бандае, ки ба сӯи ман қадаме мегузорад, ман ба сӯи ӯ 10 қадам мемонам ва ҳар гоҳе банда ба сӯи ман роҳ мегардад, ман ба сӯи ӯ медавам.

مسألة:

Салом алайкум. Худованд ҳамаи шуморо нигаҳбон бошад, ки мушкилиҳои мардумро дар бораи диндорӣ осон мегардонед. Ростӣ суолҳои ман бисёранд. Дар намози ҷумъа аз домулло ҳадисеро шунидам ба ин маъно, ки гӯё Худованд гуфта бошад, ҳар бандае, ки ба сӯи ман қадаме мегузорад, ман ба сӯи ӯ 10 қадам мемонам ва ҳар гоҳе банда ба сӯи ман роҳ мегардад, ман ба сӯи ӯ медавам. Ман аз ҳамин гуфтаи домулло фаҳмидам, ки вақте банда ҳаракате мекунад, бо ибодаташ ба Худо наздик мешавад ва Худованд ӯро ҳидоят мекунад. Лекин домуллоҳои азиз, шумо ба ман бифаҳмонед, ки чаро ман ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки як шахси ботақвову бонамоз бошам ва амалҳои шариатро ба ҷо биёрам, лекин афсӯс, рӯзе нест, ки ман як намозро тарк накунам, намедонам, агар рӯзе намози аср тарк накунам, аниқ аст, ки намози  хуфтанро тарк мекунам. 

Саволдиҳанда:Сироч мирзоев

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ.  Дуруст аст, ки вақте ки банда ба сӯи Худованд  ҳаракат мекунад, Худованд ба сӯи ӯ дучанд ё сечанди онро ҳаракат мекунад. Дар матлаби мазкур ҳеҷҷои шак ва тардид нест. Аммо ҳаракат ба сӯи Худованд бо орзу ва таманно намудан муяссар намегардад, балки бо амал ва кӯшиш ба даст меояд. Бинобар ин, орзуи тақво намудану дар намоз кӯтоҳӣ кардан, ҳеҷҳаракате ба сӯи Худованд маҳсуб намеёбад. Ба шумо чунин тавсия медиҳем, ки пеш аз фаро расидани вақти намоз таҳорат карда, ба намоз омода шавед. Иншоаллоҳ, ки бо тавфиқу инояти Парвардигор ягон намозро тарк нахоҳед кард. Дуо мекунем, ки шахси ботақвову парҳезгор шавед.

2016-07-14
4258
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43