مسألة № 00509

Ман чунин бовар дорам, ки барои ақл ҳеҷ меъёре лозим нест ва худи ақл мустақиман метавонад нисбати ҳамаи чиз андеша ронад, ҳатто дар бораи зоти Парвардигор ва тақдири неку бад, яъне дар умум дар...

مسألة:

Ассалому алайкум. Мехостам перомуни масъалаи ақидатие пурсише ба шумо ироа дода бошам. Бо як нафар дар мавзӯи ақл камина ҳамсуҳбат шудам ва ӯ ба ман гуфт: Ман чунин бовар дорам, ки барои ақл ҳеҷ меъёре лозим нест ва худи ақл мустақиман метавонад нисбати ҳамаи чиз андеша ронад, ҳатто дар бораи зоти Парвардигор ва тақдири неку бад, яъне дар умум дар робита ба масоили усулӣ. Ва ҳеҷ чизе меъёр шуда наметавонад, ҳатто Қуръони карим низ. Лутфан ин масъаларо бо далоили сареҳ аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) баён созед, то мо аз он баҳравар гардем..... Ташаккури зиёд ба шумо, ки ин сафҳаро роҳандозӣ намудед, мо метавонем озодона аз масоили динию мазҳабии худ аз ин тариқ маълумот ҳосил намоем... 

Саволдиҳанда:Муслим.

إجابة:

Бародари азиз, он чи шумо дар бораи ақл андешаронӣ кардаед, ғолибан дуруст аст, аммо бисёр масоили динӣ вуҷуд дорад, ки ақл ба танҳоӣ онро дарк карда наметавонад ва барои дарки дурусти он ба нақл, яъне Қуръон ва суннат эҳтиёҷ дорад. Усули мазҳаби Имоми Аъзам (р) ин аст, ки маърифати Худованд бо ақл аст, лекин шинохти дигар масоили динӣ ҳама ба нақл муҳтоҷ аст, ақл ҳамчун асбоби ёрирасон аст.

2016-07-14
4093
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43