مسألة № 00557
Домулло, илтимос мегуфтед, ки дар байни ду ид тӯйи арусӣ кардан мумкин аст ё не?
مسألة:
Ассалому алайкум бобои домулло, илтимос мегуфтед, ки дар байни ду ид тӯйи арусӣ кардан мумкин аст ё не?
Саволдиҳанда:Бохтар.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар баъзе манотиқи кишварҳои ҷаҳон ақидае вуҷуд дорад, ки “дар байни идҳои Рамазон ва Қурбон оиладор намешаванд ва никоҳ намекунанд”. Чунин гуфтаҳо аз нигоҳи шариати Ислом эътибор надорад. Ҳазрати Пайғамбар (с) бо ҳазрати Оиша (р) дар моҳи Шаввол оиладор шудаанд. (Муслим). Вақте ки шартҳо ва имконот мусоидат мекунанд, дар ҳамаи рӯзҳо ва соатҳо ҷашни арӯсӣ ва никоҳ карда метавонанд. Яъне барои никоҳ замон ва вақти муайян вуҷуд надорад. Бинобар ин, дар байни ду ид ҷашни арӯсӣ кардан дар дини Ислом ҷоиз аст.