مسألة № 00566

Ман модари як фарзанд ҳастам. Ман ду сол пеш оиладор шудам, дар хона чор қайсингул ва хусуру хушдоманам буд, онҳо бо ман хеле бадрафторӣ менамуданд...

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман модари як фарзанд ҳастам. Ман ду сол пеш оиладор шудам, дар хона чор қайсингул ва хусуру хушдоманам буд, онҳо бо ман хеле бадрафторӣ менамуданд. Шояд ба баъзе суханҳои ман бовар накунед, лекин алҳамду лиллоҳ ман рост мегӯям. Хушдоманам шавҳарамро дуои бад мекарданд, маро доим дар наздаш танқид менамуданд. Суханҳое мегуфтанд, ки ман ба шумо онро наметавонам нависам. Ман шавҳарамро илтиҷо менамудам, ки ба падару модараш гап нагардонад ва сухани бад нагӯяд. Шавҳарам бо дигар кас оиладор шуд ва инро волидайнаш фаҳмиданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, боз бо ман бадрафторӣ мекарданд. Ман аз зиндагӣ дилхун шудам ва ба хонаи волидонам омадам. Шавҳарам бошад маро се талоқ гуфт. Пас аз як моҳ шавҳарам омада бахшиш пурсида мегӯяд, ки ба ман шумо даркоред, ман дар вақти ҷавоби туро додан май нӯшида будам, ман ривоят меёбам, биё боз никоҳ карда, хона ба иҷора гирифта, якҷоя зиндаги кунем. Хусуру хушдоманам омада мегӯянд, ки биё ба хона равед. Ман намедонам чӣ кор кунам, мегӯянд, ки меваи сабр ширин аст, ду сол тоқат кардам, аммо ҳеҷ шириниашро надидам. Ман чӣ кор кунам? Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ҳамаи суханҳои дар боло гуфта ҳақиқат аст. Илтимос, ба саволи ман ҷавоб гардонед, аз шумо илтиҷо мекунам. 

Саволдиҳанда:Мадина.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар асл зиндагӣ чӣ аз ҷониби мард ва чӣ аз ҷониби зан иҷборӣ нест, модоме ки дар баробари ин қадар ҳодисаҳои талхи зиндагӣ шумо сабр пеш гирифтед, баъди дарёфти ҳукми шаръӣ мутобиқ ба мазҳаби ҳанафӣ метавонед зиндагиатонро идома диҳед. Ноумед нашавед, иншоаллоҳ дар оянда зиндагии шумо хубтару беҳтар мешавад.

2016-08-23
3872
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54