مسألة № 00569

Дар Ислом хатна кардани зан ҷоиз аст? Вақте ҷоиз бошад, барои чӣ хатна кардан лозим аст? Сабабаш дар чист? Аз шумо хоҳиш дорам, ки ҷавоб гардонед. Дар кадом китоб навишта шудааст?

مسألة:

Ассалому алайкум муҳтарам домуллои азиз, аз шумо як чизро пурсиданӣ будем. Дар Ислом хатна кардани зан ҷоиз аст? Вақте ҷоиз бошад, барои чӣ хатна кардан лозим аст? Сабабаш дар чист? Аз шумо хоҳиш дорам, ки ҷавоб гардонед. Дар кадом китоб навишта шудааст? 

Саволдиҳанда:Сайид.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тибқи фармудаи Пайғамбар (с) ҳукми хатна барои мардон суннат ва барои занон мустаҳаб аст, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: «Хатна барои мардон суннат ва барои занон макрумат (амали нек ва хуб) аст». Мавриди тазаккур аст, ки дар кишварҳои иқлимашон гарм шиддати гармӣ сабаби зиёда шудани шаҳват дар занон мегардад, бинобар ин, барои коста шудани шаҳвати занон дар ин кишварҳо хатнаи онҳо роиҷ шудааст. Аммо дар кишварҳое, ки иқлими гарм надорад, ин иллат вуҷуд надорад, аз ин рӯ, хатна кардани занон дар ин кишварҳо, аз ҷумла дар урфи мардуми мо роиҷ нест.

2016-08-25
5063
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38