مسألة № 00573
Домулло, ман соли гузашта зан гирифтам. Дар муддати 3-4 моҳ байни мо нисбати сару либос муноқиша рӯх дод, баъд мо ӯро бо тарзи исломӣ руқя хондем. Сипас ба андеша омадем, ки ҷоду будааст, аз ҳамин сабаб нисбати ман ҳар гуна суханҳоро гуфтааст...
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ! Домулло, ман соли гузашта зан гирифтам. Дар муддати 3-4 моҳ байни мо нисбати сару либос муноқиша рӯх дод, баъд мо ӯро бо тарзи исломӣ руқя хондем. Сипас ба андеша омадем, ки ҷоду будааст, аз ҳамин сабаб нисбати ман ҳар гуна суханҳоро гуфтааст. Қариб муддати 7 моҳ аст, ки ӯ дар хонаи модараш аст. Моро барои суҳбат оилаи занам фарёд карданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки духтар ба касалии рӯҳӣ дучор буд ва ҳоло шукри Худо соз аст. Барои он ки мо якҷоя зиндагӣ кунем, онҳо мегӯянд, ки ту ба сару либоси ӯ то муддати тамоман аз байн рафтани касалӣ кордор намешавӣ, ҳол он ки ӯ духтари амакам аст. Падару модарам низ хело рӯҳафтода шудаанд. Шумо чӣ андеша доред? Ман чӣ кор кунам?
Саволдиҳанда:Абдуллоҳ
إجابة:
Ваалайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, масъалаи хонаводагӣ масъалаи хусуси ва сиррии ҳар инсон мебошад. Сеҳру ҷоду ҳам эҳтимол дорад таъсир кунад, вақте ки шумо руқяи исломӣ хондед, иншоаллоҳ ба изни Худованд таъсири ҷин нест мешавад. Хуб аст, ки шумо маслиҳати тарафи ҳамсаратонро риоя кунед, ин муваққатӣ аст, мегузарад. Умедворем, ки дар оянда ҳамаи кор хуб мешавад.