مسألة № 00576

Дар кадом ҳолат инсон шаҳидмешавад? Навъҳои шаҳидро мегуфтед. Ба наздикӣ ду нафар дар дарё ғарқ шуданд, якеро дарё бурд, дувум мехост ӯро наҷот диҳад, аммо натавонист ва ҳардуяшон мурданд, оё ин ба гурӯҳи шаҳидон дохил мешавад?

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман суоле доштам: Дар кадом ҳолат инсон шаҳидмешавад? Навъҳои шаҳидро мегуфтед.  Ба наздикӣ ду нафар дар дарё ғарқ шуданд, якеро дарё бурд, дувум мехост ӯро наҷот диҳад, аммо натавонист ва ҳардуяшон мурданд, оё ин ба гурӯҳи шаҳидон дохил мешавад? Илтимос зудтар посух диҳед. 

Саволдиҳанда:Бо салом: Алишер.

إجابة:

Ваалайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз,  шаҳид ду қисм мешавад: шаҳиди ҳақиқӣ ва ҳукмӣ. Шаҳиди ҳақиқӣ шаҳидест, ки мусулмон, тоҳир ва болиғ бошад ва аз рӯи зулм кушта шуда, ба қатлаш мол воҷиб нашудааст, балки қисос лозим гардидааст. Ин хел шаҳид ғусл дода намешавад, балки ба ӯ намози ҷаноза хонда шуда, бо ҳамон либосаш гӯронида мешавад. Шаҳиди ҳукмӣ, шаҳидест, ки ҷасадаш дар шаҳр ёфта шудааст, вале қотилаш маълум нест ё ки дар ҳолати маҷрӯҳӣ ёфта шуда ва аз манофеи ҳаёт баҳрае бурдааст, ба мисли ин ки хоб рафтааст ва ё доруву дармон карда шудааст. Шахсе, ки  ғарқ шуда ё дар садама фавтидааст ва ё  таги тарма мондааст ё аз кӯҳ ҷар шудааст, инчунин зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос ё таваллуд кардани кӯдак ё дар ҳолати ширдиҳии кӯдак ё дар ҳолати ҳамли кӯдак фавтидааст, дар ҳама ин ҳолатҳо инсон шаҳиди ҳукмӣ мешавад, яъне ӯро ғусл  дода, кафан мекунанд ва намози ҷаноза хонда, мегӯронанд. Барои ин гурӯҳ инсонҳо умеди мағфират аст ва инҳо худ соҳиби шафоат ҳастанд.

2016-08-26
3162
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38