مسألة № 00578

Илтимос мегуфтед, мавлудхонӣ дар масҷидҳо мумкин аст ё на? Илтимос бо далел ҷавоб диҳед.

مسألة:

Ассалому алейкум. Илтимос мегуфтед, мавлудхонӣ дар масҷидҳо мумкин аст ё на? Илтимос бо далел ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда:Ҳаким

إجابة:

Ваалайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ёдоварӣ аз авсоди волои Паёмбари акрам (с) ва хондани ашъори мадҳӣ дар васфи он Ҳазрат (с) кори писандида ва амали мустаҳаб аст. Асл дар ин боб амали саҳобаи киром аст ва дар китоби «Саҳеҳ»-и Бухорӣ чанд ҳадис дар ин мазмун омадааст. Ҳассон ибни Собит (р) дар масҷид минбар ниҳода дар мадҳ ва авсофи Паёмбар назм иншо мекарданд ва асҳоби киром дар атрофи ӯ ҷамъ шуда гӯш мекарданд. Ҷалолиддини Суютӣ дар китоби «Васоил»-аш овардааст: «Ҳар хона ё масҷид ё маҳаллае, ки дар он  мавлуди Расули Худо (с) қироат карда шавад, аҳли он ҷоро малоика ба раҳмат ва мағфират мепечонад». Бояд қайд намоем, ки ҳар сол дар моҳи мавлуд дар масҷидҳои кишвари мо ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) ҷашн гирифта мешавад ва аз ҷониби қориҳо дар васфи Пайғамбар (с) нашидҳо хонда мешавад.

2016-08-30
3094
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38