مسألة № 00592
Шавҳарам эшон аст, мо бошем халқия. Хушдоманам ба ман мегуфт, ки ман аз авлоди худам келингир будам, лекин писарам туро дӯст дошт. Аз ҳамин сабаб бошад маро бад медид.
مسألة:
Ассалому алайкум. Ман ду сол пеш оиладор шудам ва соҳиби як фарзанд ҳастам. Шавҳарам эшон аст, мо бошем халқия. Хушдоманам ба ман мегуфт, ки ман аз авлоди худам келингир будам, лекин писарам туро дӯст дошт. Аз ҳамин сабаб бошад маро бад медид. Вай маро доим дуои бад мекунад ва мегӯяд: «Дар ғам тар кунад, баракатро набинӣ, дигар фарзандро набинӣ, кашшоқ шавӣ, писарам зани дигар гираду ман туро аз дур истода тамошо кунам, духтаронат бероҳа шаванд». Ба ҳамаи ҳамин гапаш ман ба хушдоманам гап нагардондам. Шавҳарам бо дигар кас оиладор шуд, хушбахтона пушаймон шуда боз баргашт, мегӯяд дуои ноҳақ намегирад. Ман намедонам чӣ кор кунам, бигӯед дуои он кас маро мегирад? Ман боре гап нагардондам, ноҳурматӣ накардам, ман чӣ кор кунам? Аз шавҳарам ҷудо шудан намехоҳам, мехоҳам зиндагии обод дошта бошам. Илтимос ман чӣ кор кунам, ки ба дуои бад гирифтор нашавам. Ман ҷавоби шуморо бесаброна интизорам.
Саволдиҳанда:Мадина.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дуои бади хушдомани шумо, ки дар муқобили ӯ хомӯш ҳастед, бар худаш бармегардад. Шумо бо шавҳаратон зиндагиро идома диҳед, модоме ки шумо аз гуфтаи Худо ва Расулаш пайравӣ намоед, Худованд баракату раҳматашро бар шумо мерезад, зеро аз нигоҳи шариат амали инсон эътибор дорад, на насабаш. Шумо сабр пеша кунед, некбахт хоҳед шуд, зеро касе ба хотири Худо сабр кунад, Худованд комёбӣ ва баракаташ медиҳад, дар ин ҳеҷ шакке нест. Дуои ноҷо ва ноҳақ ҳаргиз намегирад.