مسألة № 00594
Ба як бародари исломӣ (ҳамсояамон) ҷини занона ёр шудааст. Якчанд бор муллоҳои ҷинбарор ӯро хонданд, вале сиҳҳат нашуд. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ба шумо муроҷиат кунам. Оё дер нашудааст, ки ӯро аз ин ҳолат наҷот диҳем?Масъалаи молияшон ҳам на онқадар хуб аст. Оё шахсе нест, ки ин бародарро дастгирӣ кунад?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ба як бародари исломӣ (ҳамсояамон) ҷини занона ёр шудааст. Якчанд бор муллоҳои ҷинбарор ӯро хонданд, вале сиҳҳат нашуд. Онҳо аз ман хоҳиш карданд, ки ба шумо муроҷиат кунам. Оё дер нашудааст, ки ӯро аз ин ҳолат наҷот диҳем? Масъалаи молияшон ҳам на онқадар хуб аст. Оё шахсе нест, ки ин бародарро дастгирӣ кунад?
Саволдиҳанда:Алишер.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, он шахс бояд боз муолиҷа шавад, инсон набояд ноумед гардад. Барои таъмини вазъи молиявиаш бошад, бояд бо сарвари маҳалла машварат кард, шояд аз ҳамон маҳалла шахсони саховатпеша пайдо шаванд ва ӯро дастгирӣ ва кумак кунанд. Иншоаллоҳ аз муолиҷаи пайдарпай шифо меёбад.