مسألة № 00595
Падари ман ҳамеша мегӯяд, ки ман назди шумо қарзи падариамро иҷро кардаам, яъне падар фарзандашро то 18-солагӣ бояд нигоҳ кунаду халос. Ҳол он ки ман худ дорои маълумоти олӣ ҳастам, ба 42 даромадаам, вале то ба ҳол ба шавҳар набаромадаам ва аз ин сухани падар азият мекашам. Оё ин гуфта ҳақиқат дорад?
مسألة:

Саволдиҳанда:Ситора.
إجابة:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, албатта ҳар падару модаре орзу дорад, ки фарзанди худро хонадор кунад ва хушбахтии ӯро бубинанд. Вале гоҳо ба сабабҳои гуногун ин орзуи онҳо ба таъхир меафтад, аз ин набояд ғамгин шуд, шояд дар ин ҳикмате нуҳуфта бошад. Ноумед нашавед, бояд волидайнатон дар хонадор кардани шумо саъйу талош намоянд, иншоаллоҳ муваффақ хоҳед шуд ва Худованд раҳмату баракаташро шомили ҳолатон хоҳад гардонд. Дар ин маврид Расули Худо (с) фармудаанд: «Ҳар падаре, ки духтарашро ба шавҳар медиҳад, ӯ ҳамроҳи Пайғамбар (с) дар ҷаннат хоҳад буд».