مسألة № 00006

Тавсияи дини Ислом дар мавриди интихоби ҳамсар ва хонадор шави

مسألة:

Мехоҳам, ки ҳамсари муносибе барои худ интихоб кунам ва хонадор шавам. Дини Ислом дар ин маврид чӣ тавсия додааст?

إجابة:

Бародари гиромӣ! Паёмбари Худо сифатҳои зани солеҳаеро, ки марди мусулмон ҳангоми интихоби ҳамсар бояд дар мадди назар дошта бошад, дар ин ҳадиси муборак баён намудааст: «Занро бештар ба хотири чор сифаташ хостгорӣ мекунанд: Барои молаш, барои шарафу насабаш, барои ҳусну ҷамолаш ва барои динаш, пас ту ба диндор зафарёб шав, комёб мегардӣ».

Дар ин ҳадис Паёмбар (с) дин, яъне тақво ва парҳезгориро меъёри асосии интихоби ҳамсар арзёбӣ намудааст, вале агар яке аз сифатҳои боқимонда ё ҳамааш дар ӯ ёфт шавад, пас он беҳтар аст, чунки ин мақсуди ҳар як ҷавон мебошад.

Сифатҳои зани диндор инҳоянд: Ҳусни эътиқод, покдоман, итоати шавҳар дар корҳои ҳалол, ёвари шавҳар дар дину имон, ахлоқи ҳамида, дӯстдори ибодат, тарси Худо, ҳифзкунандаи обрӯ ва моли шавҳар дар будан ва набудани шавҳар ва ғайра. Дар сурати пайдо намудани зани диндор ин амалҳо тавсия дода мешавад:

Аввал: Истихора намо, яъне аз Худованд талаби хайр кун. Равиши истихора ин аст, ки ду ракъат намоз бигузор ва пас аз анҷоми намоз ин дуоро бихон:

" اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْتَخِيرُكَ بِعِلْمِكَ وَأَسْتَقْدِرُكَ بِقُدْرَتِكَ وَأَسْأَلُكَ مِنْ فَضْلِكَ الْعَظِيمِ ، فَإِنَّكَ تَقْدِرُ وَلَا أَقْدِرُ وَتَعْلَمُ وَلَا أَعْلَمُ وَأَنْتَ عَلَّامُ الْغُيُوبِ ، اللَّهُمَّ إِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الْأَمْرَ خَيْرٌ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي فَاقْدُرْهُ لِي وَيَسِّرْهُ لِي ثُمَّ بَارِكْ لِي فِيهِ ، وَإِنْ كُنْتَ تَعْلَمُ أَنَّ هَذَا الْأَمْرَ شَرٌّ لِي فِي دِينِي وَمَعَاشِي وَعَاقِبَةِ أَمْرِي فَاصْرِفْهُ عَنِّي وَاصْرِفْنِي عَنْهُ ، وَاقْدُرْ لِي الْخَيْرَ حَيْثُ كَانَ ثُمَّ أَرْضِنِي."

«Худовандо! Бо илми Ту аз Ту хайр талаб дорам ва бо қудрати Ту аз Ту қудрат талаб мекунам ва аз лутфи бузурги Ту мепурсам, чун Ту Тавоноӣ ва ман нотавон, Ту медонӣ ва ман намедонам, Ту Донандаи ғайбҳо ҳастӣ. Худовандо! Агар Ту медонӣ, ки ин амр сабаби хайри дину дунё ва оқибати корам мешавад, пас онро бароям муқаддар ва осон гардон. Агар медонӣ, ки ин кор сабаби зарару зиён дар дину зиндагии дунё ва оқибати корам мешавад, пас ба лутфи худ онро аз ман дур соз ва маро аз он дур кун ва хайру хубиҳоро, ҳар ҷо ки бошад, бароям муяссар гардон, сипас маро бар он хушнуд кун».

Дуюм: Бо аҳли донишу ҳикмат дар бораи хонадони ҳамсаршавандаат машварат намо.

Севум: Бисёр дуо бикун, то Худованд бароят зани покдомани хубу зебо ва фармонбурдорро насибу рӯзӣ гардонад.

2015-01-21
5957
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

09.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:28
المغرب17:25
العشاء18:55