مسألة № 00605

Байни ду намоз, яъне намози аср ва шом тановул кардан (хӯрдан) мумкин аст ё на? Баъди намози шом кадом дуоҳоро хондан мумкин аст, оё тасбеҳ кардан мумкин аст?

مسألة:

Ассалому алайкум! Байни ду намоз, яъне намози аср ва шом тановул кардан (хӯрдан) мумкин аст ё на? Баъди намози шом кадом дуоҳоро хондан мумкин аст, оё тасбеҳ кардан мумкин аст? Ташаккури зиёд! 

Саволдиҳанда:Насрулло.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар миёни асру шом хӯрдану нӯшидан, зикру тиловати Қуръон ва ғайра ҷоиз буда, ҳеҷ мумонаъате дар он вуҷуд надорад. Баъди намози шом ҳар дуое, ки медонед, хондани он дуруст аст, албатта пас аз ҳар намози фариза зикру тасбеҳ гуфтан низ аз суннати Пайғамбар (с) ба шумор меравад, аммо дар баъзе минтақаҳои кишварамон баъд аз дуо гуфта мешавад. 

2016-09-29
8580
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.03.2026

أكثر
الفجر04:56
الظهر12:40
العصر16:42
المغرب18:48
العشاء20:18