مسألة № 00608
Се савол дорам, илтимос бо далел ҷавоб гӯед. 1. Маҳри зан чанд сомонӣ меистад?2Тибқи суннати Расули акрам (с) тӯйро чӣ гуна гузаронам?3Оё метавонам, ки бо арӯсшаванда тариқи телефон дар бораи тӯй суҳбат кунам?
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ! Се савол дорам, илтимос бо далел ҷавоб гӯед. 1. Маҳри зан чанд сомонӣ меистад? Масалан, ман зангирам, оё зан чӣ қадаре маҳрашро гӯяд, бояд он миқдорро бидиҳам ё ки худам чӣ қадаре хоҳам, медиҳам? Агар ин гуна аст, оё метавонам ангуштарини тилло ё гӯшвор ва он бояд чанд грамм бошад? 2. Тибқи суннати Расули акрам (с) тӯйро чӣ гуна гузаронам? 3. Оё метавонам, ки бо арӯсшаванда тариқи телефон дар бораи тӯй суҳбат кунам? Илтимос, зудтар ҷавоб гӯед.
Саволдиҳанда:Муслим.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ камтарин миқдори маҳр 10 дирҳами шаръӣ (тақрибан 500 сомонӣ) аст ва он набояд аз ин миқдор кам шавад. Таъйини аз ин миқдор болотари маҳри зан вобаста ба ризояти тарафайн сурат мегирад ва зан ҳаққи таъйин кардани онро дорад, шумо метавонед, ки дар маҳри занатон ангуштарин ё гӯшвораи тилло диҳед.
2. Баргузор кардани маросими тӯй, ки дар истилоҳи шариат “валима” гуфта мешавад, бояд дар доираи имконияти шахс бошад ва дар он исроф ва харҷи беҳуда кардан хилофи дастуроти дини мубини Ислом аст, зеро Худованд исрофро дӯст намедорад.
3. Албатта агар шумо аз рӯи зарурат ва барои маслиҳати тӯй бо ҳамсаршавандаатон тариқи телефон суҳбат кунед, иҷозат аст, ба шарте ки суханони шумо аз рӯи шаҳват набошад, зеро он ҳаром аст ва дар чунин ҳолат гунаҳкор мешавед.