مسألة № 00609

Домуллои азиз, дар кадом рӯзҳои сол рӯзаи нафлӣ гирифтан дуруст нест?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои азиз, дар кадом рӯзҳои сол рӯзаи нафлӣ гирифтан дуруст нест? Илтимос, бо тафсил ҷавоб диҳед. 

Саволдиҳанда:Носир.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, рӯзаи нафлӣ доштан дар чунин рӯзҳои сол дуруст нест: Рӯзи иди Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва се рӯзи баъди он, ки «айёми ташриқ» гуфта мешаванд, рӯзи ҷумъа ва ё шанбе ба танҳоӣ, рӯзи шак (яъне як рӯз пеш аз саршавии моҳи Рамазон), рӯзи Арафа (як рӯз пеш аз рӯзи иди Қурбон) барои ҳоҷӣ, рӯзаи висол (тамоми сол пайдарпай рӯза доштан). Дар рӯзҳои мазкур рӯзаи нафл гирифтан макрӯҳ аст ва агар касе фаҳмида ё нофаҳмида рӯза дошт, бояд онро қатъ кунад, ҳарчанд ки ба рӯзи душанбе ё панҷшанбе мувофиқ омада бошад.

2016-09-29
4531
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.12.2024

أكثر
الفجر06:05
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43