مسألة № 00613

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи шиаҳо гап занед.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи шиаҳо гап занед.

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шиаи имомияи исноашария фирқае аст, ки хилофатро ҳаққи Алӣ (р) дониста, хилофати Абӯбакр (р), Умар (р) ва Усмон (р)-ро инкор мекунанд. Қоил ба 12 имоманд, ки охири онҳо назар ба пиндори онҳо дар сардобе дар Сомарро дохил гардидааст. Аз ҳама ақидаи муҳим дар назди шиаҳо имомат аст ва онҳо  имоматро яке аз усули дин медонанд.  Онҳо эътиқод доранд, ки имомат аз ҷониби Худованд ба забони Паёмбар (с) собит шудааст ва он ихтиёрӣ ва интихобӣ нест. Онҳо эътиқод доранд, ки бояд имом монанди паёмбарон маъсум бошад. Аз нигоҳи онҳо имомат аз нубувват афзал аст. Покдомании модари муъминон Оиша (р)-ро қабул надоранд, никоҳи мутъаро дуруст дониста, ҳатто онро ибодат мешуморанд. Тақияро аз усули дин медонанд ва касе онро тарк намояд, гӯё намозро тарк кардааст. Хилофати се халифаи аввалро қабул надоранд ва саҳобагонро ба ҷуз чанд нафарашон дашном медиҳанд.  Онҳо дар афкор ва орои хеш муқобили аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Дар пайи он ҳастанд, ки мазҳабашон дар тамоми ҷаҳони Ислом интишор ёбад.

2016-10-01
4389
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43