مسألة № 00614
Як сол пеш мо бо шавҳарам баҳс кардем, шавҳарам маро гуфт, ки агар як бори дигар ба телефони ман расӣ, талоқ. Ман нохост дигар чиз гуфта ба даст гирифтаам, бинам телефони он кас, бо шаст партофтам ва гиря кардам. Акнун чӣ шуд?
مسألة:
Домуллои муҳтарам, хеле миннатдорам агар ба саволи ман тез ҷавоб медодед. Як сол пеш мо бо шавҳарам баҳс кардем, шавҳарам маро гуфт, ки агар як бори дигар ба телефони ман расӣ, талоқ. Ман нохост дигар чиз гуфта ба даст гирифтаам, бинам телефони он кас, бо шаст партофтам ва гиря кардам. Акнун чӣ шуд? Ӯ мегӯяд, ки ман ба маънои кофтан ва паёмаку мактубҳояшро хондан гуфта будам, на ҳамту расидан. Ин як сол пеш буд, акнун боз бори дигар бо фаромӯшӣ телефонро бардоштаму ба он тарафтар монам, баъд ба ёдам расид. Гуфтам акнун чӣ мешавад? Ӯ мегӯяд ман хамон солу вактро гуфта будам, на ин солро. Илтимос, ман қасдан накардаам, ба нохост ҳам талоқ воқеъ мешавад ё не? Агар ҳа, як талоқ ё ки ҳар бори расидан боз талоқи дигар? Агар се маротиба расӣ се то мешавад ё не?
Саволдиҳанда:Бону.
إجابة:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, барои посух гирифтан ба ин суол бояд шавҳаратон ба Раёсати фатво муроҷиат намояд, зеро талоқ моли мард аст ва бояд аз забони худи ӯ ба таври мушаххас шунида шавад, дар ин сурат посухи масъала маълум мегардад.