مسألة № 00638

Оё дидори Парвардигор ҳақ аст? Кадом одамон аз дидори Парвардигор маҳруманд?

مسألة:

Домуллои муҳтарам, ба мо бигӯед, ки оё дидори Парвардигор ҳақ аст? Кадом одамон аз дидори Парвардигор маҳруманд? 

Саволдиҳанда:Музаффар аз Роғун.

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дидори Парвардигор дар охират ҳақ аст ва он аз ҷумлаи усули ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, касе дидори Парвардигорро инкор мекунад, аз ҷумлаи аҳли суннат ва ҷамоат ба ҳисоб намеояд. Худованд дар сураи “Қиёмат” мефармояд: “Дар он рӯз як пора рӯйҳо тоза мебошанд, ки ба сӯи Парвардигори худ назаркунандаанд”. (Сураи “Қиёмат”, ояти 22-23)

Дар аҳодиси набавӣ низ далелҳои зиёде дар бораи дидори Худованд ворид шудааст. Аз ҷумла Расули Худо (с) мефармоянд: “Шумо дар рӯзи қиёмат Парвардигори худро хоҳед дид, ҳамчунон ки моҳро мебинед, ҳангоми дидани Парвардигор барои шумо издиҳом намешавад”. (Ривояти Бухорӣ)

Аҳли ҳақ дидори Худовандро барои муъминон рӯзи қиёмат дар ҳоле ки дар биҳиштанд, бо далелҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бе баёни кайфият (яъне бечигунагӣ) исбот мекунанд. Салафи солеҳ дидори Парвардигорро бе чиҳат ва масофа ва бе муқобала собит дониста, Худовандро аз макон ва қарор гирифтан бар он муназзаҳ донистаанд.

Донишмандони Ислом бар ин боваранд, ки ҳеч кас Худовандро дар ин ҷаҳон намебинад, вале дар мавриди дидани Расули Худо (с) Парвардигорро дар шаби меъроҷ ихтилоф доранд. Қавли роҷеҳ ин аст, ки Расули Худо (с) Парвардигорро бо чашмонаш надидааст, балки бо қалбаш дидааст. Касоне, ки ба якка ва ягонагии Худованд ва рисолати Пайғамбар (с) бовар надоранд, агар бо ҳамин ақидаашон бимиранд, аз дидори Парвардигор маҳруманд.

2016-10-12
4586
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40