مسألة № 00659

Ҷавонон шаби аввали баъд аз издивоҷро чӣ гуна гузаронанд?

مسألة:

Савол: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ҷавонон шаби аввали баъд аз издивоҷро чӣ гуна гузаронанд?

Саволдиҳанда:Муҳиддин


 

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Марду зан вақте ки издивоҷ мекунанд, мустаҳаб аст, ки пеш аз ҳама ду ракъат намоз гузоранд ва мард дасти росташро дар пешонии ҳамсараш монда, дуои зайлро хонад:

" اللَّهُمَّ إِنِّي أَسْأَلُكَ مِنْ خَيْرِهَا ، وَخَيْرِ مَا جُبِلَتْ عَلَيْهِ ، وَأَعُوذُ بِكَ مِنْ شَرِّهَا وَشَرِّ مَا جُبِلَتْ عَلَيْهِ " .

«Аллоҳумма иннӣ асъалука хайраҳо ва хайра мо ҷубилат ъалайҳи ва аъузу бика мин шарриҳо ва шарри мо ҷубилат ъалайҳи».

«Худовандо! Ман аз Ту хубии ин занро мехоҳам ва хубии он чи ӯро бар он сириштаӣ ва аз бадии ӯ ва бадии он чи ӯро бар он сариштаӣ, ба Ту паноҳ мебарам».

Инчунин марду зан пеш аз омезиш дуои зайлро хонанд:

" بِسْمِ اللَّهِ، اللَّهُمَّ جَنِّبْنَا الشَّيْطَانَ، وَجَنِّبِ الشَّيْطَانَ مَا رَزَقْتَنَا " .

«Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибна-ш-шайтона ва ҷанниби-ш-шайтона мо разақтано».

«Ба номи Худо. Худовандо! Моро аз шайтон дур кун ва шайтонро аз он чи насиби мо мекунӣ, дур нигоҳ дор».

Аз Паёмбар (с) ривоят шудааст, ки шахсе ҳангоми наздик шудан ба ҳамсараш ин дуоро бихонад, Худованд фарзанде ба онҳо рӯзӣ мегардонад, ки шайтон ҳаргиз ба ӯ зарар ва осеб нахоҳад расонд.

2016-10-29
7888
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54