مسألة № 00673

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи ҷодӯ, ҷодугар ва касе ки ба ҷодӯ гирифтор шудааст, маълумт диҳед!

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар бораи ҷодӯ, ҷодугар ва касе ки ба ҷодӯ гирифтор шудааст, маълумт диҳед!

Саволдиҳанда:Абдурраҳмон.

إجابة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Аз дидгоҳи шариати Ислом сеҳр ҳақиқат дорад. Яъне таъсири манфии худро мерасонад. Чунончӣ ба ривояти Бухорӣ ва Муслим аз Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с)-ро яҳудие бо номи Лабид Ибни Аъсам аз Банӣ Зурайқ ҷодӯ намуданд. Паёмбари Худо (с) кори кардаро аз нокарда ташхис дода наметавонистанд. Баъд аз чанд муддате ду фариштае омада, Паёмбари Худо (с)-ро огоҳ намуданд, ки Лабид Ибни Аъсам шуморо дар шона, мӯи сар, шукуфаи хушки нарина, ҷодӯ карда, онро зери санге дар чоҳи Зӯ Аврон гузоштааст.  Паёмбари Худо (с) ба назди чоҳ омада,  онро берӯн карданд. 

        Аз Абдулло Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) Алӣ, зубайр, Аммор Ибни Ёсирро фиристоданд ва онҳо оби чоҳро кашиданд. Оби чоҳ монанди ҳино сурх шуда буд. Онҳо аз зери санг шукуфа, муйҳои сар, дандонаҳои шонаро берун карданд ва ресмонеро диданд, ки дар  он ёздаҳ гиреҳе зада шуда,  дар миёни онҳо сӯзан халонида шудааст. Дар ин вақт Худованди (а) сӯраи Фалақ ва сӯраи Носро, ки иборат аз ёздаҳ оят мебошанд, нозил кард. Паёмбари Худо (с) ҳар вақте ки оятеро мехонданд, гиреҳе аз он ресмон кушода мешуд. Баъд аз кушодани гиреҳи ёздаҳум Паёмбари Худо (с) сабукӣ дарёфт намуданд, монанди он ки аз пояш домеро берун карда бошанд.  

         Агарчӣ ҳар яке аз оятҳои Қуръони Маҷид хусусияти шифоиро доранд, аммо барои дафъ кардани сеҳр хондани баъзе оятҳо ва дуоҳо муфид мебошанд. Монанди сӯраи Фотиҳа, Фалақ ва Нос, даҳ ояти сӯраи Бақара: чор ояти  аввали сӯраи Бақара, оят-ал Курсӣ, ду ояти баъд аз он, се ояти охири он ва ғайра........... 

2016-11-11
4421
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43