مسألة № 00674

Ман духтареро аз хешовандони худ дӯст медорам, аммо аз касони дигар дар бораи ӯ суханҳои нохӯше шунидам. Бо вуҷуди он ба ӯ боварӣ дорам. Боре яке аз хешовандам ба ман гуфтанд, ки ман бо ӯ тавассути телефон суҳбат мекардам, аммо...

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.  Ман духтареро аз хешовандони худ дӯст медорам, аммо аз касони дигар дар бораи ӯ суханҳои нохӯше шунидам.  Бо вуҷуди он ба ӯ боварӣ дорам. Боре яке аз хешовандам ба ман гуфтанд, ки ман бо ӯ тавассути телефон суҳбат мекардам, аммо хушбахтии шуморо мехоҳам.   Ман дар ҳафтае як ё ду бор тавассути телефон бо ӯ суҳбат мекунам ва боре ба ӯ гуфтам, ки дар миёни мо набояд пушидагие бошад, оё бо касе алоқаи дӯстӣ дорӣ? Ӯ гуфт: Не. Ман ба ӯ гуфтам: Оё ваъда медиҳӣ ки дар оянда мо хушбахт мешавем? Гуфт: Ҳа. Оё бо телефон суҳбат кардани мо равост? Илтимос пурра ҷавоб гӯед?

Саволдиҳанда:Абдулҳамид.

إجابة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз! Аввал он ки дар мавриди духтаре ки дӯсташ медорӣ, ба ҳарфи касе эътимод накун, то замоне ки бо чашми сар саҳнаро мушоҳида накунӣ ё аз ҳақиқати он ба хубӣ огоҳ нашавӣ. Зеро Худованди (а) фармудааст:

    “Агар фосиқе хабареро ба шумо оварад, онро хуб таҳқиқ кунед!”

       Дуюм он ки маънои дӯст доштани духтаре ин нест, ки бо ӯ хилват кунӣ ва бо телефон суханҳои бемаврид гӯӣ, Зеро хилватнишинӣ ва суханҳои номаҳрамона ба ҷуз воқеъаи ногувор ҳеҷ натиҷае ба бор намеоварад. Ин масъала аз таҷрибаи бисёре аз ҷавонон собит шудааст. Бинобар ин аз суҳбат намудан парҳез кун, то ба мусибате гирифтор нашавед.

       Сеюм он ки агар дар ҳақиқат шумо ҳамдигарро дӯст медоред, бо роҳи ҳалол оила бунёд кунед, то азҳарому ҳараҷ ва маломати мардум раҳоӣ ёбед, то ин ки зиндагӣ ва хонаат бо баракат шавад. 

2016-11-11
3988
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

08.01.2025

أكثر
الفجر06:07
الظهر12:40
العصر15:27
المغرب17:24
العشاء18:54