مسألة № 00684
Барои саломати гуфта аз ҳар гуна гушту чизҳои ҳайвонҳои ҳаром истифода бурдан мумкин аст?...
مسألة:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, савол доштам, пурра мефаҳмондед. Пеш аз он аз даргоҳи Худованд ба шумо сиҳату саломати хоҳонам.1. Барои саломати гуфта аз ҳар гуна гушту чизҳои ҳайвонҳои ҳаром истифода бурдан мумкин аст?2. Баъд аз таҳорат пас аз хаму рост шудан ба миқдори номаълуме об хориҷ мешавад, баргашта боз таҳорат кардан лозим аст???
Саволдиҳанда:Абдуҳамид
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, албатта ҳар як фарди мусулмон хуб медонад, ки шифои бемории ӯ аввал дар ризогии Парвардигор ва сипас дар ашьёҳои ҳалол аст. Инчунин ҳолатҳое мешавад, ки инсон дар баъзе мавридҳо танҳо бо истифода аз оятҳои қуръонӣ шифо меёбад, ки ин илман исботи худро ёфтааст. Аз ин хотир барои шифо ёфтан аз гушту равғани ҳайвонҳои ҳаром истифода намудан ҷоиз нест. Доир ба суоли дуюми шумо чунин посух дода мешавад, ки ҳар чизе, ки аз инсон хориҷ шавад, ба монанди зардоб, хун ва он чизе, ки аз пешу қафо хориҷ мешавад, таҳоратро мешиканад ва дубора таҳорат кардан лозим аст, агар баромадани хун, зардоб ва пешоб аз ҷиҳати беморӣ набошад, яъне доимӣ набошад. Агар ба сурати доимӣ бошад, дар ин ҳолат барои ҳар як намоз таҳорати алоҳида мекунад.