مسألة № 00692

Бубахшед агар суоли ман бемантиқ бошад. Барои чӣ байни намози асру шом хоб рафтан мумкин нест?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бубахшед агар суоли ман бемантиқ бошад. Барои чӣ байни намози асру шом хоб рафтан мумкин нест?

Саволдиҳанда:Муслим.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар миёни асру шом хӯрдану нӯшидан, зикру тиловати Қуръон ва ғайра ҷоиз буда, ҳеҷ мумонаъате дар он вуҷуд надорад. Лекин хобидан дар миёни ин ду вақт макруҳ аст. Дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” роҷеъ ба хобидан пас аз намози аср чунин овардааст:

 يَكُونُ النَّوْمُ مَكْرُوهًا فِي مُوَاطِنَ مِنْهَا : النَّوْمُ بَعْدَ صَلاَةِ الْعَصْرِ

 Яъне: Хобидан дар чанд вақт макруҳ аст, яке аз ин вақтҳо хобидан баъд аз намози аср аст”. (“Мавсуъаи фиқҳӣ”, ҷ. 17, с 42) Ногуфта намонад, ки ҳикмати ҳар амри машруъро соҳиби шариат беҳтар ва хубтар медонад. Боз ҳам баъзе аз бузургон гуфтаанд, ки хобидан дар байни асру шом сабаби нуқсони ақл мегардад. Ҳамчунин миёни асру шом вақти иҷобати дуост, бинобар ин, беҳтар аст, ки банда дар ин вақт ба зикру дуо машғул бошад.

2016-11-30
4090
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.11.2024

أكثر
الفجر05:43
الظهر12:40
العصر15:12
المغرب17:08
العشاء18:38