مسألة № 00709

Ояти 44-уми сураи “Моида”-ро мефаҳмондед ё тафсираш мекардед.

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ояти 44-уми сураи “Моида”-ро мефаҳмондед ё тафсираш мекардед. Ҷазокаллоҳу хайран.

Саволдиҳанда:Шерафкан.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тарҷума ва тафсири ояти мазкур ба таври ихтисор чунин аст:

“Ба дурустӣ ки Мо Тавротро фуруд овардем; дар он ҳидоят ва равшанӣ аст; пайғамбароне, ки ба ҳукми илоҳӣ гардан ниҳодаанд, бо он барои яҳудиён ҳукм мекарданд; ва худопарастон ва уламо бо он чи аз Китоби Худо, ки ҳофизи он гардонида шудаанд ва бар он гувоҳ буданд (яъне: қатъан маълум карда буданд, ки ҳукми илоҳӣ аст), (ҳама ҳукм мекарданд). Пас, аз мардумон матарсед ва аз Ман битарсед ва ба оятҳои Ман баҳои андак харид макунед. Ва касоне, ки ба он чи Худо фурў фиристодааст, ҳукм накунанд – ҳамоно гурўҳе кофиронанд».

Дар ояти мазкур дар бораи китоби Худо ва нур будани Таврот сухан меравад, ки тавассути пайғамбарон ва ноибони барҳаққи онҳо ҳифз гардид. Вале қавми яҳуд аз фармони Худо сарпечӣ карда, ба тағйиру табдили Таврот пардохтанд ва ба Пайғамбари Ислом (с), ки номаш дар Таврот зикр шуда буд, имон наёварданд, балки бо ў мухолафат карданд. Сабаби ин мухолафати онҳо ҳубби моли дунё ва ҷоҳу мақом буд, зеро агар ба ислом мегаравиданд, ҳамчун як фарди мусулмон ба шумор мерафтанд ва он сарварию роҳбариашонро аз даст медоданд. Дигар ин ки олимони яҳуд тағйиру табдили маънои Тавротро манбаи даромад қарор дода буданд ва аз бузургони қавми худ ришва гирифта, аҳкоми Тавротро мутобиқи хости онҳо маънидод мекарданд. Аз ҳамин сабаб Худованд дар мавриди яҳудиёни замон ба Пайғамбар (с) хитоб карда фармуд, ки шумо аз адами пайравӣ ва мухолафати мардум натарсед ва баҳои андаки дунявиро гирифта, барои онҳо дар аҳкоми илоҳӣ таҳриф ва тағйир накунед. (Тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ; Тафсири «Маъорифул-Қуръон», ҷ. 4, 429-431) 

2016-12-08
4449
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43