مسألة № 00740

Домуллои муҳтарам. Мегӯянд, ки баъд аз марг ҷасади пайғамбарон ва ҳофизони Қуръонро мору каждум намехӯрад. Оё ин дуруст аст?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Мегӯянд, ки баъд аз марг ҷасади пайғамбарон ва ҳофизони Қуръонро мору каждум намехӯрад. Оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Шарифбек.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дуруст аст, ки ҷасади пайғамбарон ва ҳофизони Қуръон дар қабр намепӯсад. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ҳамоно Худованд хӯрдани ҷасади пайғамбаронро бар замин ҳаром гардонидааст”. (Ривояти Абӯдовуд ва Ибни Моҷа). Бархе аз донишмандон дар ин ҳукм шаҳидон, сиддиқон, олимони боамал, муаззинон ва ҳофизони Қуръонро низ шомил кардаанд.

2016-12-23
4712
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

09.05.2025

أكثر
الفجر03:40
الظهر12:40
العصر17:37
المغرب19:36
العشاء21:06