مسألة № 00742

Мо дар роҳ равонем ва аз пешамон афроди талбанда, яъне лӯлиҳо мебароянд ё ин ки ба хона меоянд, ба онҳо пул ё ягон чиз диҳем, мумкин аст? Оё ин аз закот ҳисоб мешавад?

مسألة:

Домуллои азиз, мо дар роҳ равонем ва аз пешамон афроди талбанда, яъне лӯлиҳо мебароянд ё ин ки ба хона меоянд, ба онҳо пул ё ягон чиз диҳем, мумкин аст? Оё ин аз закот ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

إجابة:

Ассалому алайкум Бародари азиз, ба афроди талбанда ҳар чизе, ки медиҳед, дуруст аст, вале аз закот ҳисоб шудани он тафсил мехоҳад. Агар шахси талбанда фақир бошад, пас маблағи ба ӯ додашуда аз закот маҳсуб мешавад, вале агар фақир набошад, дар ин сурат аз закот ҳисоб намешавад, балки садақаи нофила мебошад.

2016-12-23
4727
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.12.2024

أكثر
الفجر06:04
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:13
العشاء18:43