مسألة № 00750
Агар кӯдаке дар батни модараш қарор дорад ва ҳанӯз ба дунё наомадааст, барои ӯ орзу карда, ягон туҳфа гирифтан дуруст аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ба кӯдаки ба дунё наомада туҳфа гирифтан хосияти хуб надорад. Аз нигоҳи дини Ислом мефаҳмондед.
مسألة:
Салом домулло. Агар кӯдаке дар батни модараш қарор дорад ва ҳанӯз ба дунё наомадааст, барои ӯ орзу карда, ягон туҳфа гирифтан дуруст аст. Баъзеҳо мегӯянд, ки ба кӯдаки ба дунё наомада туҳфа гирифтан хосияти хуб надорад. Аз нигоҳи дини Ислом мефаҳмондед.
Саволдиҳанда:Муҳибҷон.
إجابة:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нияти хайр хайр ва боиси аҷру савоб аст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: “Ҳар ки қасди некӣ карду онро ба анҷом нарасонид, Худои таъоло онро барои вай дар назди худ як хубии комил менависад ва агар қасди некӣ карду онро ба анҷом расонид, Худои таъоло онро барои вай дар назди худ даҳ хубӣ то ҳафтсад баробар менависад”. Он чи шумо барои фарзандатон орзу кардаед, аз нигоҳи шариат дуруст аст ва ягон хосияти бад надорад.