مسألة № 00775

Мегӯянд, ки дар азон гуфтан чанд ҷойи бими куфр аст, агар бошад кадомҳост?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Ба Шумо саволҳо дорам. 1. Оё нутфа наҷосат аст? 2. Мегӯянд, ки дар азон гуфтан чанд ҷойи бими куфр аст, агар бошад кадомҳост? Муфассалтар мефаҳмондед. Сипосгузорам.

Саволдиҳанда:Султон.

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ наҷосат ба ду қисм аст: Наҷосати хафифа ва ғализа. Манӣ аз ҷумлаи наҷосати ғализа аст. Ҳукми наҷосати ғализа ин аст, ки чун ба бадан ё либос расад, бояд шуста шавад, хоҳ кам бошад ё зиёд. (“Хулосатул-масоил”, с. 48-51). Дар азон гуфтан даҳ ҷо бими куфр аст, ҳар касе онро надонад, муаззиниро нашояд: 1. “Алиф”-и “Аллоҳ”-ро мад кашад. 2. “Бо”-и “Акбар”-ро мад кашад. 3. “Ашҳаду”-ро “ашҳоду” хонад. 4. “Ашҳаду”-ро “ашҳаду” (бо “ҳо”-и ҳуттӣ) хонад. 5. “Ло илоҳа иллаллоҳ”-ро бе ташдид хонад. 6. “Ашҳаду”-ро бе “алиф” гӯяд. 7. “Мим”-и “Муҳаммад”-ро мад кашад. 8. “Ҳайя ъалас-салот”-ро “ҳайё” гӯяд. 9. “Ҳайя ъалал-фалоҳ”-ро бе ташдид гӯяд. 10. “Аллоҳу Акбар”-ро “Акбор” гӯяд. (“Чоркитоб”, с. 46-47).

2017-01-07
4300
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2025

أكثر
الفجر03:58
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:52