مسألة № 00078

Устоди гиромӣ илтимос ба мо мегуфтед, ки оё амал аз имон аст ё не?

مسألة:

Устоди гиромӣ илтимос ба мо мегуфтед, ки оё амал аз имон аст ё не? Қиёмуддин, н.  Нуробод.

إجابة:

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.

Ташакур барои суоли додаатон. Ба ин суол чунин ҷавоб медиҳем, ки Ҳазрати Имоми Аъзам (р) дар китоби “Васият”-аш мегўяд: “Имон ғайри амал аст ва амал ғайри имон, ба далели ин ки Худованд аз зани ҳоиз намозро бардоштаааст, гуфта намешавад, ки Худованд аз зани ҳоиз имонро бардоштааст. Расули Худо (с) ба зани ҳоиз гуфтааст: “Рўзаро тарк кун, баъд онро қазо бидор”. Ҷоиз нест, ки гуфта шавад: “Имонро тарк кун, баъд онро қазо бидор”. Ҷоиз аст, ки гуфта шавад: “Бар фақир закот нест”, вале ҷоиз нест, ки гуфта шавад: “Бар фақир имон нест”.

Хулоса амал сифати имон аст, на асли имон ва моҳияти имон. Асли имон зоид намешавад, лекин сифаташ зиёд мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат касе амалро ба таври комил анҷом диҳад, гуфта мешавад, ки имонаш қавӣ аст. Агар амал накунад, ё дар амалаш нуқсон кунад, гуфта мешавад, ки имонаш заиф аст. Имону ислом аз ҷиҳати луғат фарқ доранд, яъне имон тасдиқ кардан, ислом бошад таслим ва инқиёд аст. Ҳамон гуна ки Имоми Аъзам (р) дар китоби  “Фиқҳи акбар”-и худ овардааст: “Имон бе ислом ва ислом бе имон намешавад, ҳарду ба манзилаи пушт бо шикам аст”.

2015-04-01
4524
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.11.2024

أكثر
الفجر05:38
الظهر12:40
العصر15:15
المغرب17:10
العشاء18:40